Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид

Сентябрь 29, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини мудири кулли Утоқи бозаргонӣ ва саноати Давлати Кувайт Имод Аз-Зайд мулоқот  намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории кувайтӣ ба Тоҷикистон, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории кувайтӣ ба Тоҷикистон, афзоиши мизони табодули тиҷоратӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду мамлакат баррасӣ шуданд.

Дар ин росто пешниҳод шуд, ки то охири соли равон дар Кувайт Форуми муштараки соҳибкорӣ ва Намоишгоҳи фаровардаҳои Тоҷикистон ба манзури мусоидат ба тавсеаи беш аз пеши ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар дар арсаҳои тиҷотату сармоягузорӣ баргузор гарданд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Сентябрь 29, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд