Ҳайати Тоҷикистон дар 25-умин Cаммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё дар Туркия иштирок намуд

Июнь 9, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн дар Туркия  25-умин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё зери унвони «Ҳамкорӣ ва шарикӣ дар байни ҷомеаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ: Ба сӯи ҷаҳони рақамии бештар, ба сӯи ҷаҳони сабзтар» баргузор гардид, ки  дар он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Саъдӣ Қодирзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижаи МАҚСУД.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамияти таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои минтақа, фазои мусоид ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави мамлакат, вазъи иқтисодӣ, ҳадафҳои стратегӣ, иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об ибрози андеша намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе баргузор шуда истодааст, маълумот пешниҳод намуд.

АКС: Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Истанбул

Июнь 9, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст