Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Июнь 3, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 июн дар шаҳри Шенҷени музофоти Гуандун, воқеъ дар ҷануби Чин Форуми ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай/СҲШ/ оид ба илм, технология ва инноватсия баргузор гардид, ки дар он дар радифи намояндагони ҳукуматҳо ва ҷавонони кишварҳои СҲШ ҳамчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқии Чин Шэн Юэюэ, раиси Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Николай Снопков, раиси Федератсияи умумичинии ҷавонон Ван Хунян ва роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои узви СҲШ, аз ҷумла Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуда, ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои инноватсия ва технологияҳои муосир изҳори омодагӣ намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форуми ҷавонони СҲШ оид ба илм, технология ва инноватсия бо мақсади рушди фанновариҳои инноватсионӣ миёни ҷавонон, муттаҳид сохтани ҷавонони боистеъдоди кишварҳои узви СҲШ ва рушди инноватсия ва технологияҳо дар асри 21 гузаронида шуд.

Дар доираи Форуми ҷавонони СҲШ оид ба илм, технология ва фановариҳо дар Шенҷен инчунин ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои «Ҳамкории инноватсионии ҷавонон», «Солимии мардум», «Рушди иқтисодиёти рақамӣ», «Зеҳни сунъӣ», « Рушди сабз» ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди илм, технология ва инноватсия миёни ҷавонони кишварҳои СҲШ дар ҷаҳони муосир гузарониду шуд, ки дар онҳо миёни ҷавонон табодули афкор сурат гирифт.

Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ оид ба илм, технология ва иноватсия дар Шенҷени Чин ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои инноватсия ва технологияҳои замони муосир ибрози назар намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд