Ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас гардид

Июнь 10, 2022 13:57

ДУШАНБЕ, 10.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки бо маблағгузории Фонди авруосиёии субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардид, ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар медиҳад.

Нақлиётҳои махсуси сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ аст. Тавассути нақлиёти сайёр ба таври таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд, ки аз ҷониби табибон 200 нафар аз муоина гузаронида шуданд. Сокинонро табибони амрози дарунӣ, занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт муоина намуданд.

Маросими супоридани нақлиёти сайёри тиббӣ бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

«Дастрасии чунин маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан сокиноне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, нақши муҳим хоҳанд бозид, -таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Сипас Раиси вилоят бо рафти таъмиру барқарорсозӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо вазъи корҳои таъмиру барқарорсозии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ шинос шуда, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани корҳо супориш дода шуд.

Таъкид карда шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ ва қабулу табобати кӯдакону наврасон лоиҳаи бинои ёрирасон омода ва ба роҳбарияти вилоят пешниҳод карда шавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июнь 10, 2022 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд