Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид
ҲИСОР, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошини ёрии таъҷилии тамғаи «NISSAN URVAN NV- 350», ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дефибриллятор, зарф ва ингалятори оксигенӣ, дастгоҳи шамолдиҳӣ, сфигмоманометр бо стетоскоп ва ғайраҳо ҷиҳозонида шудааст, туҳфа гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Дастрасии мошини мазкур барои бехатар интиқол додани беморони ҳолаташон вазнин ба дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ муфид буда, аз лаҳзаҳои аввали вориди он гардидани бемор таҷҳизоти зарурӣ фаъол гардида, ёрии кафолатноки аввалини тиббӣ шурӯъ мешавад.
Тавре сардухтури беморхонаи марказӣ Эмомалӣ Маҷидов иттилоъ дод, «дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муассиса таҷҳизоти нодири тиббӣ дастрас гардида, дар назди муассиса коргоҳи истеҳсоли оксиген ва генератори барқии пуриқтидори худидорашаванда насб шудааст. Он ба ҳалли мушкилоти норасоии оксиген дар муассисаҳои тиббии шаҳр ва барқи босифат дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ мусоидати фаъол менамояд».
Дастрас гардидани мошини нави ёрии таъҷилӣ ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи солимии аҳолии шаҳр буда, аз ҷониби табибон ҷиҳати адои вазифа масъулияти бештарро тақозо мекунад.
Масъалаи беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ дар Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025 дарҷ гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






