Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид

Июнь 4, 2022 10:00

ҲИСОР, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошини ёрии таъҷилии тамғаи «NISSAN URVAN NV- 350», ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дефибриллятор, зарф ва ингалятори оксигенӣ, дастгоҳи шамолдиҳӣ, сфигмоманометр бо стетоскоп ва ғайраҳо ҷиҳозонида шудааст, туҳфа гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дастрасии мошини мазкур барои бехатар интиқол додани беморони ҳолаташон вазнин ба дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ муфид буда, аз лаҳзаҳои аввали вориди он гардидани бемор таҷҳизоти зарурӣ фаъол гардида, ёрии кафолатноки аввалини тиббӣ шурӯъ мешавад.

Тавре сардухтури беморхонаи марказӣ Эмомалӣ Маҷидов иттилоъ дод, «дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муассиса таҷҳизоти нодири тиббӣ дастрас гардида, дар назди муассиса коргоҳи истеҳсоли оксиген ва генератори барқии пуриқтидори худидорашаванда насб шудааст. Он ба ҳалли мушкилоти норасоии оксиген дар муассисаҳои тиббии шаҳр ва барқи босифат дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ мусоидати фаъол менамояд».

Дастрас гардидани мошини нави ёрии таъҷилӣ ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи солимии аҳолии шаҳр буда, аз ҷониби табибон ҷиҳати адои вазифа масъулияти бештарро тақозо мекунад.

Масъалаи беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ дар Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025 дарҷ гардидааст.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 4, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид