Ба ду сокини ниёзманди вилояти Суғд хонаи истиқоматӣ тақдим гардид

Июнь 13, 2022 16:05

ДУШАНБЕ, 13.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба ду оилаи ниёзманди вилояти Суғд – истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд Муҳсин Носиров ва сокини шаҳри Гулистон Муяссар Неъматова калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар партави иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ду оилаи ниёзманди вилоят калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд. Зикр гардид, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки сокини шаҳри Хуҷанд Муҳсин Носиров ва оилааш якҷо бо пайвандон дар як ҳавлӣ ҳафт оила зиндагӣ мекарданд ва ниёз ба беҳтарсозии шароити зист дошт.

Истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон Муяссар Неъматова маъюби гурӯҳи дуюм буда, солҳои зиёд инҷониб аз надоштани манзил иҷоранишин ва дар ҳоли беморӣ овораву сарсон буд.

Ба сокинони ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон супорида шуд. Сокинон бо изҳори хушнудӣ барои дастгириву таваҷҷуҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён доштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 13, 2022 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд