Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Июнь 17, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони  «Иҷлосияи XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ» баргузор шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Машраби Абдуллоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки «Иҷлосияи XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксуламале алайҳи зӯроварии дохилӣ ва фитнаи хориҷӣ буд, вокунише дар муқобили андешаҳои таҳмилии аз кишварҳои исломӣ ба мо боргардида маҳсуб меёфт ва аз ҳама асосӣ сароғози марҳилаи нави ихтиёрдории қудрат дар таҳия ва роҳандозӣ шудани низоми сиёсии новобаста ва мустақил дар ҳудуди кишварамон арзёбӣ мешуд. Бинобар ин, аз хориҷи мамлакат бар мо ҷангро таҳмил намуданд, ки даҳсолаҳо давлати миллии тоҷиконро аз рушди ҳамаҷониб боздошт ва хисороти азиме ба бор овард, аммо бо ибтикор ва кӯшишҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои рафъи муноқишаҳо ва бозоварии фирориён аз марзи кишварҳои ҳамсоя татбиқ гардида, якпорчагии давлат ва масъалаи ҳастиву нестии миллати тоҷик бо натиҷаи мусбат ҳал гардид».

— Аз ин хотир, нақши Иҷлосияи мазкур дар сарнавишти давлату миллати тоҷик аҳамияти таърихӣ дошта, дар дирӯзу имрӯзи мамлакатамон армуғони ҳасткунанда маҳсуб мешавад, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ ва таъкид намуд, ки ҷомеашиносон бояд ин рӯхдоди таърихиро ҳаматарафа омӯхта, мавриди пажӯҳиши саҳеҳ қарор диҳанд, чунки чунин ҳодисаҳо барои ҳар миллате дарси ибрат аст.

Сипас намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Масрур Абдуллозода дар мавриди аҳамияти таърихии Иҷлосияи мазкур сухан карда, онро нахустинқадам дар роҳи давлатсозии миллӣ ном бурд.

Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода  иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мавқеи Сарвари давлатро нисбат ба ояндаи кишвар маълум гардонид ва аз он вақт то кунун ҳадафҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди давлати миллӣ мебошад.

Муовини Вазири фарҳанги мамлакат Манучеҳр Шарифзода  пешниҳод  намуд, ки роҳҳои муаррифӣ сохтани Иҷлосия чун мактаби сиёсии давлатдории миллӣ ба роҳ монда шавад.

Баъдан Раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим нақши калидии Иҷлосияро тараннум карда, иқрор намуд, ки воқеан, ин иҷлосия  таърихию тақдирсоз буд ва алъон ҳеҷ кас шакку шубҳа надорад, ки ба мо, тоҷикон давлати миллиро ато намудааст.

Олимони АМИТ бо маърӯзаҳои илмӣ дар ҳамоиш баромад карда, мавзўро бо дарназардошти қонуни асосии илм, яъне таҳқиқу пажӯҳиш мавриди баррасӣ қарор доданд ва андешаи ин ки Иҷлосия дар ояндаи наздик ба мактаби омӯзишии таҷрибаи сиёсӣ дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор бигирад, ҳамовозӣ ёфт.

Акс: АМИТ

Июнь 17, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид