Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 километр роҳи ҷумҳуриявӣ мумфарш ва дарвозаи шаҳрак бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд

Июнь 14, 2022 14:45

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ 5 километр роҳи ҷумҳуриявӣ — аз пули Кофарниҳон то шаҳраки Сомониёни ноҳияро мумфарш намуда, роҳрави ду шафати онро сафолакпӯш карда ва ҳарду тарафи ин роҳро чароғон намуда истодаанд, ки он дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин дар даромадгоҳи шаҳраки Сомониён дарвозаи шаҳрак бо тарҳи замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин бора муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳабибулло Азиззода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯдакӣ» гуфт, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 11 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидоштаро, ки дар натиҷаи боришоти зиёду рафтуомади мошинҳои гаронвазн зарар дидаанд, ба воситаи мум таъмири ҷорӣ намуда истодаем.

Мувофиқи тартиботи муайянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо бо иштироки собиқадорону фаъолон оид ба аҳамияти ҷашни Ваҳдати миллӣ дар байни ҷавонону сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодааст.

АКС: аз АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2022 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид