Бонки миллии Тоҷикистон ба «Душанбе Сити Бонк» иҷозатнома дод

Июнь 10, 2022 17:03

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистион ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин тасмим бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Хоқим Холиқзода зимни супоридани Иҷозатнома ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати ҶСП «Душанбе Сити Бонк» Хуршед Ақдодов барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва саҳм доштан дар рушди низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ муваффақият хост.

Мавриди зикр аст, ки Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт уҳдадор гардиданд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи «Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабти дахлдорро ворид намоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 10, 2022 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд