ДАР АФҒОНИСТОН БОЗ МУСИБАТ. Бар асари заминларза беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки дар робита ба фоҷеа ба ин кишвар кумак намоянд

Июнь 23, 2022 13:17

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Афғонистон дар рафъи оқибатҳои заминларза кумак намоянд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти Дабири кулл, ки дирӯз, 22 июн мунташир гардид, гуфта мешавад.

«Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ умед дорем, ки ба садҳо оилаҳои аз ин офати табиӣ осебдида кумак мерасонад. Вақти он расидааст, ки ҳамраъйӣ нишон диҳем», — гуфт ӯ.

Гутерриш зикр кард, ки кормандони СММ дар маҳал вазъро арзёбӣ менамоянд ва ёрии таъҷилӣ мерасонанд. Дабири кулли СММ ҳамчунин ба наздикони қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардии амиқ намуд.

Шаби 22 июн дар вилоятҳои Пактико, Хуст, Лағмон, Ғазнӣ, Логар ва Кобули Афғонистон заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 рух дод. Тавре агентии «Bakhtar» хабар медихад, 1000 нафар ба ҳалокат расида, 1500 кас маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти маҳаллӣ бар онанд, ки эҳтимол шумораи қурбониён ва захмиён зиёд шавад.

Роҳбарияти ҳаракати «Толибон»* ҷудо намудани 1,1 миллион доллари ИМА-ро барои кумак ба осебдидагони заминларза тасдиқ карда, дастур дод, ки барои интиқоли осебдидагон ва расонидани озуқа, сару либос, лавозимоти тиббӣ ва ашёи ниёзи аввал ба ҷои ҳодиса тамоми нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ истифода бурда шавад.

__________________

*Толибон» — ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 23, 2022 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд