Дар Хатлон баҳри тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон баҳри тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон оид ба истифодаи замин, тақвияти консервакунонию хушконидани меваю сабзавот, захиракунии маводи озуқаворӣ барои ду соли оянда, роҳ надодан ба хароҷотҳои беҳудаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар кишти такрорӣ бештар гузаронидани кишти зироатҳои лӯбиёгиҳо ва захираи донагиҳо дар хонаводаҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. Ин тасмим дар ҷаласаи кории Раиси вилояти хатлон Қурбон Ҳакимзода гирифта шуд.
Раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки аз ҳисоби фаъолон, вакилон, ҳизбиён, ҷавонон, занон, собиқадорони барӯманд, ходимони дин, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои зарурӣ гурӯҳои корӣ таъсис дода, дар ҳар ҷамоат, деҳаю маҳалла ва ҳатто хона ба хона моҳият ва самаранокии ҳидоятҳои Пешвои миллатро масъалаҳои зикршуда, ҳамчунин риояи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, аҳамияти бештар зоҳир намудан дар тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон ва падару модар, мунтазам тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди иттилою маълумоти тарбиявию ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот,аз даст надодани ҳушёрию зиракӣ ба тамоми сокинон фаҳмонида шавад.
— Ҳамагон хуб медонем, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар давраи пандемия оид ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, идораю ташкилотҳо ва ҳатто назди идораҳо, инчунин ташкили гурӯҳҳои ташвиқотию таблиғотӣ оид ба зарурати консервакунонӣ ва захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ, самаранокии худро нишон дод. Имрӯзҳо, вазъи ҷаҳони муосир ва таҳдиди хатарҳои гуруснагию қаҳтӣ ҳамаи моро водор менамояд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро саривақту сифатнок иҷро намуда, амнияти озуқавориро таъмин созем, — таъкид намуд Қурбон Ҳакимзода.
Ҳамзамон ба тамоми фаъолон ҷиҳати назорати рафти дарави ғалладонагиҳо ва вусъат додани кишти такрории зироатҳо, сифатан иҷро намудани дурнамои пешбинишуда, инчунин дар тамоми заминҳое, ки имконияти гузаронидани кишт доранд, пурра гузаронидани кишт, риояи ҳатмии қоидаҳои зиддисӯхторӣ дар ғаллазорҳо, ҳифзи ҳосили рӯёнидашуда аз сӯхтор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳо, махсусан обёрии нашъунамо, коркарди байни қатор, озуқадиҳӣ ва мубориза барзидди касалию ҳашаротҳои зараррасони пахта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин масъулин барои вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди тамоми ноҳияҳо, батартибдарории қади роҳу кӯчаҳо, махсусан кӯчаву хиёбонҳои марказию протоколӣ, тозакунӣ аз партову ифлосиҳо, ба тартиб даровардани заминҳо, ивази шиору овезаҳо ва парчаму парчампояҳои фарсудашуда, насби шиору овезаҳо доир ба мавсим ва мавзӯъҳои зарурӣ ва сифатнок ба итмом расонидани иншоотҳои ҷашнӣ таъкид гардиданд.
Хотиррасон гардид, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити мураккабу номусоид қарор дошта, зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии ватанамон дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд






