Дар Ҳисор ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ 17 иншоот ба истифода дода мешаванд

Июнь 22, 2022 10:07

ҲИСОР, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ҳисор 17 иншоот, аз ҷумла як корхонаи саноатии истеҳсоли шифери азбестӣ, чандин муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сардхона ва дигар намуди иншоот ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора 20 июн дар ҷаласаи кории раиси шаҳри Ҳисор иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар ҷаласаи корӣ аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 июни соли равон зимни машварати корӣ дар ноҳияи Данғара дода буданд, ёдовар шуда, роҳбарони ташкилоту раёсатҳои давлатӣ ва бахшу шуъбаҳои ҳукумати шаҳрро баҳри иҷрои саривақтии онҳо таъкид намуд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои раванди ободкориву созандагӣ, вазъи душвори кунунии ҷаҳонӣ, дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра, таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти мамлакат ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномадаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд ва таъкид намуданд, ки буҳронҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо, кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва болоравии бесобиқаи нархи онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи ҷаҳонро ҷиддӣ нигарон кардаанд, ки ба мамлакати мо низ бетаъсир буда наметавонад.

Раиси шаҳри Ҳисор вобаста ба дастури Президенти мамлакат ба муовинони соҳавӣ ва сардори раёсати кишоварзӣ супориш дод, ки кишоварзон ба масъалаи беталаф ҷамъоварӣ намудани маҳсулоти ғалладонагиҳо, истифодаи самараноки обу замин ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, бахусус картошка, маккаи дон ва лӯбиёгиҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлол, ки аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр таъйин шудаанд, таъкид гардиданд корҳои фаҳмондадиҳиро дар шаҳр тақвият бахшанд, ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила барои таъминоти худ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ чораҳои зарурӣ андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба танқисиву муҳтоҷӣ рӯ ба рӯ нагарданд.

Ҳамзамон дар доираи корҳои ободонӣ иваз намудани симчӯбу хатҳои барқ, трансфарматори барқӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо дар назар дошта шудааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор барои бунёди бинои беморхонаи касалиҳои пӯст санги асос гузошта шуда,  корҳо дар ин самт оғоз меёбанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 22, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд