Дар Ҳисор ду пул мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт

Июнь 8, 2022 09:42

ҲИСОР, 08.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаҳои «Чашмабозор» ва «Кафшдӯзон»-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ду пул мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Пули мошингузаре, ки дар деҳаи «Чашмабозор» дар болои рӯди мавсимии маркази деҳа сохта шудааст, андазааш 9х4,5 метр буда, ду тарафи деҳаро ба ҳам мепайвандад ва барои рафтуомади  бемамонияти сокинони деҳа мусоидат мекунад. Дар гузашта ҳангоми селборишҳо мавзеи мазкур барои гузаштани сокинони деҳа ба ду ҷониб хатарнок маҳсуб шуда,  барои гузаштан ба ҷониби муқобил зарурияти тай намудани 2-3 километр роҳ пеш меомад.

Пули пиёдагард бо дарозии 12 метр дар деҳаи «Кафшдӯзон» болои рӯди мавсимӣ, ё худ селраҳае, ки аз байни деҳа мегузарад, дар мавсими боронгариҳо сокинони деҳа, бахусус мактаббачагонро ҳангоми убури он ба ташвиш оварда буд. Ҳангоми боришот соатҳои зиёд онҳоро лозим меомад то паст шудани шиддати резиши борон, дар ду соҳили рӯди пурхатар интизор монанд.

Пулҳо дар деҳаҳои «Чашмабозор» ва «Кафшдӯзон» бо маблағгузории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби аҳолӣ бо усули ҳашар сохта шудаанд. Фаррух Аловиддинов ва Умаралӣ Орипов ташрифи намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, барои кӯмак ва дастгирии молиявӣ дар бунёди пулҳо изҳори минатдорӣ карданд.

Боиси зикр аст, ки дар доираи ҳамкории  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аъзои фаъоли платформаи REACT (Гурӯҳи арзёбии ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳамоҳангсозӣ) мебошад ва дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдида мунтазам кумакҳои башардӯстона дастрас гардида, ҷиҳати мустаҳкамкунии иқтидори маҳалаҳои осебпазир тавассути коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ёрии амалӣ расонида мешавад.

АКС: МИҲД ш. Ҳисор

Июнь 8, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд