Дар Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таъғйирпазирии ҷаҳон» ҳамоиш доир шуд

Июнь 12, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 12.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таъғйирпазирии ҷаҳон» — таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он олимон, коршиносони масоили сиёсӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар радифи барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдат дар кишвар, таҳкими равобити байналмилалӣ ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо ҳамсояҳои наздик -кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатиро ба роҳ монда, самти асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилаӣ сиёсати «дарҳои боз» мебошад.

Дар ҳамоиш профессорон Абдураҳмон Муҳаммад ва Махфират Хидирзода дар мавзӯҳои «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллӣ», «Моделҳои муосири идоракунии сиёсӣ ва истифодаи онҳо дар таҷрибаи давлатдории Пешвои Миллат» ва дигар иштирокдорони конфронс доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, самтгирии геополитикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирпазирии ҷаҳон ва дигар мавзуоти муҳими марбут ба нақши Пешвои миллат дар таъмини амнияти миллии кишварҳои минтақа дар шароити феълии ҷаҳони муосир маърӯза намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб

Июнь 12, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд