Дар намоишгоҳи «Уфуқҳо» дар Олмон санъат ва фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон маросими ифтитоҳи намоишгоҳ таҳти унвони «Уфуқҳо» бахшида ба 30- солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он санъат ва фарҳанги Тоҷикистон низ муаррифӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо аксҳо ва маълумоти муфассал дар бораи таърихи ҳамкории судманди дуҷониба бо Олмон, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои мухталифи муштарак дар минтақаҳои кишвар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, неруи сабз, санъат ва фарҳанг муаррифӣ шудааст», — иттилоъ доданд дар ВКХ.
Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба сиёсати фарҳангӣ хонум Ирмгард Мариа Феллнер ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг ба намоиши фарҳангӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Дипломатҳои олмонӣ зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти рушди робитаҳои байнифарҳангӣ ҳамчун омили ба ҳам наздик кардани миллатҳо ва тақвияти беш аз пеши ҳамкорӣ дар ин самт таъкид доштанд.
Намоишгоҳ аз 1 июн то 5 августи соли 2022 идома меёбад.
Акс: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






