Дар ноҳияи Деваштич таваллудхонаи муосир мавриди истифода қарор дода шуд

Июнь 30, 2022 08:13

ХУҶАНД, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти дурдасти Росровути ноҳияи Деваштич таваллудхонаи дорои шароити муосир ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти навтарин бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Калонов ва кумаку дастгирии сокинон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, арзиши лоиҳавии иншоот беш аз ду миллион сомониро ташкил дода, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои таваллуд, момодоя, барои ҳомиладорон, модару кӯдак, хатна, табиби оилавӣ, истироҳатӣ ва дигар инфрасохтор иборат аст.

Таваллудхона бо ҷадидтарин таҷҳизоти тиббӣ ва лавозимоти ҷиҳати таваллуди кӯдаки солим зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва беморхонаи марказии ноҳиявӣ дастрас шудаанд.

Бояд зикр кард, ки Ҷамоати деҳоти Росровут аз маркази маъмурии ноҳия дар масофаи наздик ба 50 километр дурӣ қарор дошта, ба занону бонувон дар сатҳи зарурӣ хизмати тиббӣ расонида намешуд ва ҳомиладорон аксар вақт дар хона таваллуд мекарданд. Ҷиҳати бартараф намудани ин ҳолати ногувор аҳли Ҷамоати деҳоти «Росровут», ки аз якчанд деҳа иборат аст, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва соҳибкори ватанпарвар Ҳусейн Калонов муроҷиат намуданд. Соҳибкор, ки чун дигар ҳаммаслакону соҳибкорон таҳти ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ин муроҷиатро самимона пазируфт.

Дар ҳамоиши мутантан, ки ба ифтихори ифтитоҳи таваллудхонаи муосир дар деҳаи Росровут баргузор шуд, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва меҳмонон зикр намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳамаи сокинону соҳибкорон шароити васеи фаъолият фароҳам оварда, соҳибкорон таҳти ҳимоя ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат қарор доранд.

Эълон гардидани моратория оид ба санҷиши фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон дастгирии навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида шуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи мамлакати хуршедиамон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ месозад. Дар ҷараёни ҳамоиш занону бонувон ва якчанд нафар фаъолону пирони барнодил таъкид намуданд, ки минбаъд низ корҳои ободониро дар деҳаҳои ҷамоат ва ноҳия идомаи ибратбахш дода, сиёсати ободкоронаю созандаи Роҳбарияти олии мамлакатро самимона дастгирӣ намуда, ҷашни фархундаю мубораки 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

Июнь 30, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд