Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараҳои рассомони рус ба намоиш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия намоиши «Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ки он то 23 август идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, дар намоиш 62 адад мусаввараҳои 50 рассомони рус аз қабили офаридаҳои И.К. Айвазовский, А.А. Дейнека, А.К. Саврасов, Б.М. Кустодиев, В.А. Серов, В.Е. Маковский, И.Н. Крамской, И.Э. Грабар, И.Е. Репин, И.И. Левитан, П.С. Шилтсов, В.И. Суриков, И.И. Шишкин, Ю.И. Пименов, Ю.П. Кугач ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Мусаввараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, тамошобинонро бо сабки хоссаи ҳар як нафар рассом, ҷаҳони тахаюлот ва рангини рассомӣ ворид намуда, аз табиат, фарҳанг, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти кишвари рус дар давраҳои мухталифи таърихӣ қисса мекунанд.


Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе: Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Покистон, Фаластин, Афғонистон, Ҳиндустон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ширкати «Мегафон Тоҷикистон» ва дигар ҳаводорони санъату ҳунари рассомӣ иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «ҳадаф аз баргузор намудани намоиш инъикос намудани робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия буда, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳли ҷомеа мебошад».
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид






