Дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқот доир шуд

Июнь 3, 2022 15:17

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мулоқоти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо сокинони гуногункасб, масъулини мақомоти иҷроия, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия, ҷавонон, варзишгарон, гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Маликшо Неъматзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳимияти ин санаи таърихӣ ҷалб намуда, иброз дошт, ки «маҳз  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, тоҷиконро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ расонид ва сабаби хомӯш гардидани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ гардид. Маҳз сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ истиқлоли ҷавони моро аз хатарҳои ҷиддӣ раҳоӣ бахшида, роҳро ба сӯи давлатсозии миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ боз намуд».

Тазаккур дода шуд, ки маҳз ҷонбозиҳо ва идроки баланди фарзанди сарсупурдаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рӯзгори ором ва зиндагии осоишта созгор гардид ва мардуми шарафмандамон ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз халқи бузурги мо ба қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озодӣ ба хубӣ мерасанд ва ба он арҷ мегузоранд.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, ки имсол ба баргузории он 30 сол пур мешавад.

Зимни мулоқот гирандагони стипендияҳои  президентӣ ва ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Пешвои миллат барои ғамхориҳои ҳамешагӣ, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, илму маориф ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳори сипос карданд.

Ёдовар мешавем, ки 27 июни соли 1997 миёни тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола амалан хотима бахшид ва раванди ташаккули таҳаввулоти минбаъдаи мамлакатро дигаргун намуд.

 Акс: ФИКМТ

Июнь 3, 2022 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд