Дар шаҳри Ваҳдат доир ба рафъи ҳуҷуми ногаҳонии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ машқи тактикӣ доир шуд

Июнь 3, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи мудофиавии иншооти муҳофизатшавандаи корхонаи металлургии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрут»-и шаҳри Ваҳдат вобаста ба пешгирӣ ва рафъи ҳуҷуми ногаҳонии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ машқи тактикӣ гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.

Дар расми баргузории он сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» (ХДМ,) генерал-майори милитсия Анварҷон Ализода, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, директори генералии ҶДММ «Покрут» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Хуэй, ҳамзамон директори генералии ин коргоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йо Кэй, сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, полковники милитсия Фирдавс Шомадзода, доираи васеи меҳмонон ва ҳайати шахсии ХДМ ВКД ва ШХДМ дар шаҳри Ваҳдат  иштирок намуданд.

Мақсади машқи тактикӣ- омодабошии ҳамешагии ҳайати шахсӣ ва пешгирии саривақтии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккилу ҷиноятпеша сар мезанад, инчунин дар сатҳи зарурӣ ҳифзу наҷот додани ҷони шаҳрвандон аз хатари бамиёномада ва ҳифз намудани иншооти муҳофизатшаванда буд, ки иштирокчиёни он- ҳайати шахсии ХДМ ВКД, ШХДМ ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аз иҷрои он ба хубӣ баромаданд.

«Аз аввалин рӯзҳои таъсиси мақомоти корҳои дохилӣ, новобаста ба  шароит милитсия ҳомӣ ва муҳофизи содиқу боэътимоди халқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Имрӯз ҳар корманди мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус мо, кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, ки дар ҳифзу эмин нигоҳ доштани дастовардҳои давлату миллат, ҷони шаҳрвандон, моликияти давлативу ҷамъиятӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осоиштагии мардум вазифадорем, бояд ҳамеша чолоку зирак ва кордону бомаҳорат бошем, то вазифаҳои бардӯшдоштаамонро сарбаландонаву содиқона ба ҷо орем», — иброз дошт сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Анварҷон Ализода зимни баргузории машқи тактикӣ.

Ҷараёни машқи тактикӣ исбот намуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз иҷрои вазифа ва уҳдадориҳояшон сарбаландона мебароянд. Дар ҳама ҳолат омодаанд, ки молу мулки давлативу ҷамъиятӣ ва ҷони шаҳрвандонро аз амалу кирдорҳои ғайриқонуниву ҷиноятии гурӯҳҳои муташаккилу ҷиноятпеша ҳифз ва наҷот диҳанд.
Кормандоне, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, тавонистанд дар ҳамоҳангӣ бо дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ пеши роҳи қонуншиканонро гиранду онҳоро маҳв намоянд.

 Акс: ВКД ҶТ

Июнь 3, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд