Дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ маъракаҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июни соли равон мутобиқи Оинномаи ҲХДТ ва Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 9 апрели соли 2022 маъракаи ҳисоботӣ — интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ва конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Дар баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баррасии масъалаҳои зерин, аз ҷумла ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда; тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022; интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ; интихоби вакилон ба конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва масъалаҳои ташкилӣ ҳатмӣ мебошад.
Ҳамзамон конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин: ҳисоботи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда; ҳисоботи комиссияҳои тафтишотии ташкилоти ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022; гузориши роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо; интихоби аъзои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо; интихоби аъзои комиссияҳои тафтишотии ташкилоти ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ғайра баргузор карда мешаванд.
Баъд аз анҷоми конференсияҳо маҷлисҳои кумитаи иҷроия баргузор карда шуда, аъзои раёсат ва раиси КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Дастгоҳи КИМ аз нав интихоб карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфта, он дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои зиёда аз ниммиллионнафараи худ яке аз ҳизбҳои пурнуфуз на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қаламрави ИДМ маҳсуб шуда, дар кулли самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дорад.
Зеро маҳз ҲХДТ бо таҳти сарварии Раиси муаззами он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳама вазъият дар назди мардум бошад ва исбот намояд, ки ҳамеша дастгиру мададгори сокинон мебошад. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ зиёд гашта, туфайли қувваи бузурги ҳизбиёну ҷонибдорон мақом ва манзалати он низ дар ҷомеа боло меравад.
АКС аз бойгонӣ








Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






