Дар Узбекистон муҳлати ваколати Президентро аз 5 ба 7 сол тамдид мекунанд

Июнь 25, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 25.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон», ки имрӯз дар рӯзномаи «Народное слово»-и ин кишвар нашр шуд, як банд ба тамдиди муҳлати ваколати Президенти Узбекистон аз 5 то 7 сол бахшида шудааст.

Президенти ҶУ Шавкат Мирзиёев қаблан пешниҳод намуда буд, ки то 8-уми декабри соли 2022, санаи 30-солагии Конститутсияи мамлакат барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шавад.

Дар охири моҳи май парлумон як комиссияи конститутсионӣ таъсис дод, ки лоиҳаи ислоҳотро таҳия кунад. Рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шуда, рӯзи ҷумъа дар баррасии аввал тасвиб шуд ва қарор шуд, ки барои муҳокимаи умум нашр шавад. Муҳокимаи умумӣ то 4-уми июли ҳамин сол идома хоҳад ёфт.

«Дар қисми дуюми моддаи 90 калимаи «панҷ» ба калимаи «ҳафт» иваз карда шавад», — омадааст дар матни лоиҳа.

Моддаи 90-уми Конститутсияи амалкунанда пешбинӣ мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби шаҳрвандони кишвар дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки Конститутсияи Узбекистон 8 декабри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои олии кишвар қабул шуда, дар муддати сипаришуда ба он 15 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Бори охир муҳлати ваколатҳои Президент дар ин кишвар соли 2011 аз 7 то 5 сол кам карда шуда буд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶУ

Июнь 25, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид