Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак ҳамоиш доир гардид

Июнь 10, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон  12 июн таҷлил  мегардад, ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд  ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.

Дар  ҳамоиш роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозӣ Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ-мутасаддиёни таъминкунандаи ҳифзи меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ва коршиноси соҳаи ҳифзи меҳнат иштирок доштанд.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак Нурулло Маҳмадуллозода иброз дошт, ки мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи сиёсати пешгирифта яке аз афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои давлатӣ дар пешбурди масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дониста мешаванд.

“Масъалаи ҳифзи кӯдакон ба Низомномаи Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) аз оғози ташкилёбиаш — соли 1919 ворид карда шудааст. Яке аз Конвенсияҳои аввалине, ки ТБМ қабул намудааст, ин конвенсия дар бораи синни ҳадди аққали қабул ба кор дар истеҳсолот мебошад. Аз 17 Ҳадафҳои рушди устувор як масъала «қабули чораҳои фаврӣ ва самаранок барои аз байн бурдани меҳнати маҷбурӣ, ғуломдории муосир ва савдои одамон, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва то соли 2025-ум аз байн бурдани меҳнати кӯдакон» муайян гардидааст”,-иброз намуд мавсуф.

Дар идома Н. Маҳмадуллозода зикр намуд, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷумла Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвесияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат “Оиди синни ҳадди ақали барои ба кор қабул кардан”, “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ” ва “Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак” ва Тавсияномаи ТБМ “Оиди манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегирад.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, системаи мониторинги меҳнати кӯдак, назорати он ва дигар роҳҳои таъсирасонро дар ин самт татбиқ намуда истодааст. Тибқи таҳлилҳо истифодаи меҳнати кӯдакон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак муайян намудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак аз соли 2005 инҷониб  таҷлил карда мешавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид