Донишҷӯёни Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон дар Академияи сайёҳии Арабистони Саудӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тибқи шартномаи ҳамкорӣ ҳамасола имкон дорад, ки чор бурсия барои донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад. Ин матлабро намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ зимни мулоқот бо Ректори ДБССТ Убайдулло Асрорзода иброз дошт.
Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 15 июни соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни мулоқоти Ректори ДБССТ, профессор Убайдулло Асрорзода бо меҳмонон, ҷонибҳо масоили мубрами омодасозии муштараки кадрҳо, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ бо таъмини идрорпулии муайян ва таъмини шароити мусоиди будубошро баррасӣ намуданд.


Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир ба масоили болозикр ба мувофиқа расиданд.
Инчунин масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима карда шуд.
Халид ал-Сувалайҳ аз профессор Убайдулло Асрорзода Саттор даъват ба амал овард, ки дар вақтҳои барояшон мувофиқ ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, аз Академия дидан намоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ ба меҳмонон тақдим карда шуд.
Меҳмонони олиқадр бо шароити муосири омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ошноӣ пайдо намуда, ба пойгоҳӣ моддӣ-техникии Донишгоҳи мазкур баҳои баланд доданд.
Акс: ДБССТ








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






