ЭКОТЕРРОРИЗМ. Толибон ҳайвоноти нодирро қатли ом мекунанд

Июнь 14, 2022 13:13

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон аз шикори беравияи ҳайвоноти нодир аз сӯи Толибон дар Боғи миллии Вахон шикоят мекунанд. Ин боғ яке аз ҳашт боғи миллии Афғонистон аст, ки дар он анвоъи ҷонварон ва парандагони камёб мавҷуд аст, менависад агентии иттилоотии Sputnik. 

 Як нафар сокини Тоҷикистон, ки аз бошандагони маҳал аст ва ба далоили амниятӣ номаш зикр намешавад, мегӯяд, пас аз расидани Толибон* ба қудрат дар Афғонистон дар вулусволии Вахони ҳаммарз бо Тоҷикистон як кандак (бригада)-и ливо (баталён)-и сарҳадӣ мустақар шуд.

“Аммо, бадбахтона, аз замони истиқрори кандаки Толибон* дар Вахон садҳо оҳуро шикор карданд ва ғизои ҷангиёну фармондеҳони Толибон се вақт гӯшти оҳуву бузи Марко Поло аст. Онҳо гӯшти ин навъи ҳайвоноти нодирро на фақат дар кандак масраф мекунанд, балки ҳар фармондеҳ ва саргурӯҳе, ки ба хонааш меравад, ҳар ҳафта ду-се оҳуро шикор карда ва дар бағочи “ренҷер” андохта, ба хонаи худ мебарад”, — гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, фармондеҳи кандак Меҳробуддин ном дошта, бошандаи аслии вулусволии Ҷурм, аз афроди Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Толибон аст.

«Фармондеҳи тулай низ аз ҳамин вулоусволӣ буда, Қадим ном дорад ва писаре дорад ба номи Масъуд. Инҳо даст ба чӯру чаповул ва вайронии муҳит зисту шикор беравияи ҳайвонот задаанд. Фармони шикорро ҳам онҳо медиҳанд ва бақия ҷангиёни толиб бидуни фармони онҳо шикор намекунанд», — гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Боғи миллии Вахон яке аз 8 боғи миллии Афғонистон, ҳар як Банди Амир, Фалоти Бомиён (Бомиён), Кӯли Ҳашматхон (Кобул), Ҷангалҳои Нуристон, Обҳои сокини Ғазнӣ, Ҷангалҳои Дарқад (Тахор) ва Имом Соҳиб (Кундуз) аст, ки соли 2014 аз сӯи ҳукумати Афғонистон чунин мақомро ба даст овард.

Боғи миллии Вахон тамоми вулусволии Вахони ҳаммарз бо Тоҷикистону Чин ва Покистонро дарбар мегирад ва байни кӯҳҳои Помиру Ҳиндукуш ҷойгир аст. Дар ин ҷо ҳудуди 600 навъи гиёҳу ҷонварони нодир, аз қабили паланги барфӣ, сиёҳгӯш, гург, хирси қаҳваӣ, рӯбоҳи сурх, бузи куҳӣ, гӯсфанди Марко Поло, оҳуи уриал ва ғайра сабти ном шудааст.

Дар вулусволии Вахон ҳудуди 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки 55% — и онҳо қирғизҳо ва бақия тоҷикони вахӣ мебошанд.

Ба қавли манбаъи Sputnik, кандани гиёҳ, шикори ғайриқонунӣ, чарои беравия, истихроҷи маодин ва буридани дарахтон тибқи қонунгузории ҷории Афғонистон қатъиян манъ аст.

“Аммо Толибон* ин қонунро муроот намекунанд ва агар аз ин гуна омоли онҳо ҷилавгирӣ нашавад, дар чанд моҳи дигар ҳеҷ оҳу ё бузу гӯсфанде аз ҷумлаи ҳайвоноти нодир дар кӯҳҳои Боғи миллии Вахон нахоҳад монд”, — гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, дар кӯҳҳои вулусволиҳои Ҷурм ва Карону Мунҷон, ки чунин ҳайвоноти нодир зиндагӣ мекунанд, низ шикори оҳу ба гунаи беравия ҷараён дорад, ки Толибон ба мардуми дигар иҷозаи шикорро намедиҳанд, аммо худашон шабонарӯз шикор мекунанд.

_________________

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид  қарор дорад ва дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ эълон шудааст.

                                                             АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 14, 2022 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд