«Эмомалӣ Раҳмон: «Конфонси Душанбе бо натиҷаҳои самарабахши худ бояд ҳамоиши таърихӣ гардад»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июнь 9, 2022 13:27

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор дошт .

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораҳои  №108 (24 467), сешанбе, 7 июн ва №109 (24 468), чоршанбе, 8 июн соли равон таҳти сарлавҳаҳои «Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сеюми пешвоёни Эътилоф оид ба обу иқлим», «Иштироки Пешвои миллат дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028», «Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад» оид ба рафти баргузории Конфронси мазкур, ки дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир гашт,  хабару гузоришҳо нашр намудааст.

Дар саҳифаи дуюми шумораи №109 (24 468)  рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон: «Конфонси Душанбе бо натиҷаҳои самарабахши худ бояд ҳамоиши таърихӣ гардад» суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ба нашр расидааст.

Сарвари давлат зимни суханронии худ баргузории чунин нишастро ҳамчун ҳалқаи асосӣ дар пайвастани занҷираи чорабиниҳои тадорукотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба Конфронси оби Созмони Милал Муттаҳид дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад гашт,  нақши онро калидӣ унвон карданд.

Пешвои миллат зикр  намуданд, ки «Ҳоло дар дунё банақшагирӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 600 гигаватт идома дорад ва илова бар ин, боз ба зиёда аз 600 гигават иқтидор зарурат пеш меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнегетикӣ мебошад, метавонад дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорад. Иқтидори умумии гидроэнергетики кишвари мо солона 527 миллиард киловатт (кВт) соатро ташкил медиҳад, ки мо то имрӯз ҳамагӣ 3-4 фоизи онро аз худ кардаем».

«Бо барқароршавии сайёҳӣ тамоюлҳои басо ҷолиб мушоҳида мешаванд, ки рушди соҳаро дар солҳои наздик муайян мекунанд. Ин дар ҳолест, ки сайёҳӣ соли сеюми давраи буҳрониро мегузаронад. Аз як тараф афзоиши талабот ба сафар, аз ҷониби дигар маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 ҳанӯз ҳам мушоҳида мешаванд. Ин ҳолат аз ҳамаи иштирокчиёни саноати сайёҳӣ маҳорат, иттиҳод ва навҷӯиро талаб менамояд», -нигоштааст муаллифи маводи «Сайёҳӣ. Рушди чашмраси соҳаро аз соли 2024 метавон интизор шуд» Шаҳноз Қурбон, ки дар ин шумораи «Ҷумҳурият»  ба чоп расидааст.

Шаҳноз Қурбон дар фарҷоми   мақола ба чунин хулоса омадааст: «Тибқи арзёбиҳои марказҳои омӯзишӣ ва тадқиқотии байналмилалӣ сафарҳои гурӯҳӣ, оилавӣ, автомобилӣ, экологии фаъол, корӣ аз тамоюлҳои соли 2022 дониста шудаанд. Дар баробари ин, рақамикунонӣ, ки бар асари пандемия мавқеи бештар пайдо намуд, сафарҳои ҷаҳонгардонро бамаротиб осон мегардонад. Вале, тибқи арзёбиҳои коршиносон бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳо, барқароршавии фаъоли сайёҳии байналмилалиро метавон аз соли 2024 интизор шуд».

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 7 июн №69 (4489) дар баробари дигар рӯзномаву нашрияҳои кишвар дар саҳифаи аввали худ вохӯриҳои Пешвои миллатро дар ҳошияи Конфронси дуюм Раванди оби Душанбе дар шакли хабару гузориш нашр намудааст.

Инчунин хонандагон метавонанд дар шумораи №68 (4488)  нашрияи «Садои мардум»   маводҳои ҷолибу хонданибобро  таҳти унвони «Маркази истеҳсол, фурӯш ва таъмири асбобҳои мусиқӣ зарур аст», «Ҳифзи муҳит зист вазифаи ҳама фарди ҷомеа мебошад», «Буҳрони Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба Осиёи Марказӣ» мутолиа намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №22 (1368),  8 июн, чоршанбе, дар саҳифаи аввали худ дар бораи сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври муфассал гузориши  нашр намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  чоп расидаанд.

Муаллифи маводи «Фарҳанги сиёсӣ ва маърифати истифодаи  шабакаҳои иҷтимоӣ» Ҳуриннисо Ализода дар матлаби худ оид ба заъфҳои иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф кардани онҳо сухан кардааст. Муаллиф нигоштааст: «Торафт рушд кардан ва бештар таваҷҷуҳ дошани мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии кишвар таъсир нагузошта наметавонад ва дар мушклоти ҷаҳони муосир ин масъала ба раддаи аввали таъсиргузорӣ ба мағз ва андешаҳои мардум расидааст. Дар баробари осонгардонии хабаррасонӣ, ин ҳол мушкилиҳои дигари сиёсӣ ва идеологиро ба бор меорад, ки ҷомеаро бетараф намегузорад. Имрӯз  кам касонеро метавон пайдо кард, ки бо интернет, хоса ба шабакаҳои иҷтимоӣ  дастрасӣ, пайвастагӣ ва гузашта аз он вобастагӣ надошта бошад….»,-идомаи матлабро метавонед аз ин шумораи  «Минбари  халқ»  мутолиа намоед.

Инчунин хонандагон имкон доранд матлабҳои ҷолиби дигари ин нашрия, аз ҷумла «Бозиҳои фоҷиабор», «Душанберо ба шаҳри орзуҳо табдил медиҳем!», «Тоҷикону Тоҷикистон ҳамеша бо мост!»,- ро мутолиа намоянд.

«Боҷу хироҷ»- нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шумораи №22 (1326), панҷшанбе, 9 июни соли равон хонандагон метавонанд бо маводи хонданбоби ин рӯзнома таҳти сарлавҳои  «Рушди кишоварзӣ ва осудагии рӯзгори мардум», «Об-манбаи ҳаёт», «Оё иҷрои нақшаи андозҳо қонеъкунанда аст?», «Шарҳи имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ», «Низоми нави андозбандии соҳибкорони инфиродӣ: фаъолият аз рӯи он чӣ гуна аст?» ва дигар матлабҳоро мутолиа кунанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 9, 2022 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид