Интихоботи президентӣ дар Чехия 13 ва 14 январи соли 2023 доир мегардад

Июнь 28, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали интихоботи президентӣ дар Чехия 13 ва 14 январи соли 2023 баргузор мешавад. Тавре агентии иттилоотии ЧТК хабар медиҳад, санаи баргузории овоздиҳиро дирӯз, 27 июн раиси Сенати Чехия (палатаи болоии парлумон) Милош Вистрсил эълон кард.

Дар сурати дар даври аввал интихоб нагардидани президент 27 ва 28 январи соли 2023 даври дуюми интихобот баргузор карда мешавад.

Маъракаи интихоботи президентӣ аз 1 июли соли ҷорӣ оғоз мегардад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 15 нафар шаҳрвандони Чехия иштироки худро дар интихобот эълон намуда, маъракаи интихоботиро шурӯъ карданд. Ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсӣ, генерали маъруфи Қувваҳои Мусаллаҳи миллии Чехия Петр Павел, ки дар сохтори фармондеҳии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ низ вазифаҳои баландро ишғол мекунад, дорои имконияти зиёд ба муваффақият дорад, хабар медиҳад ТАСС.

Муҳлати панҷсолаи дуюми ваколатҳои президенти феълӣ Милош Земан 8 марти соли 2023 ба охир мерасад ва ӯ дигар наметавонад дар ин интихобот ширкат варзад.

Дар Чехия даҳ сол пеш ба Конститутсия тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он президентро дигар ду палатаи парлумон дар ҷаласаи муштарак интихоб намекунанд, балки мустақиман аз ҷониби раъйдиҳандагон интихоб мегардад. Аввалин роҳбари бевосита интихобгардидаи Чехия Милош Земан гардид.

АКС: Global Look Press

Июнь 28, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид