Иштирокдорони Конфронси оби Душанбе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд

Июнь 10, 2022 13:06

ДУШАНБЕ, 10.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 9 июн раиси Шарикии глобалии об (сохтори байналмилалии шабакавӣ) Ховард Бамси дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дигар иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меҳмононро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Аҳлиддин Ибодуллозода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ҳамроҳӣ намуданд. Аз ҷониби роҳбаладон ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Меҳмонон бо осори гаронарзиш ва мероси гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ- шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол шинос гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли равон дар Душанбе баргузор гардид, аз иншооти бузурги обиву энергетикии Тоҷикистон, назири неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Норак», мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Душанбе, Ҳисор, Варзоб боздид намуда, бо захираҳои бой ва иқтидори обию энергетикӣ ва ёдгориҳои бостониву фарҳангӣ шинос шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 10, 2022 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт