Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба ноҳияи Фархор расид

Июнь 10, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн гурӯҳи занону духтарони фаъол аз Корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон қарор дорад, ба ноҳияи Фархор омаданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.

Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳ раиси ноҳия Зариф Вализода истиқбол гирифта, роҳандозии Корвони «Модарони ваҳдатсаро»-ро аз ҷумлаи иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи ваҳдату субот номид.

«Модарон ҳамеша хостор ва посбони сулҳу ваҳдатанд.Даъвати онҳо аз фарзандон ба оромиву осудагӣ ва дӯст доштани Ватану хизмати содиқонаву самимона кардан ба он ҳатман натиҷаи хуб ба бор меорад», -афзуд Зариф Вализода.

Сипас меҳмонон аз Осорхонаи кишваршиносии ноҳия боздид ба амал оварда, бо таъриху фарҳанги ноҳия шиносоӣ пайдо намуданд.

Гурӯҳи мазкур ба коргоҳи истеҳсолии деҳаи Ориёни Ҷамоати деҳоти Фархор рафта, бо як қатор занону духтарони ҳунарманд суҳбат намуданд.

Баъдан онҳо дар толори МТМУ-№2- и шаҳраки Фархор вохӯрии судманде бо аҳли ҷамоатчигӣ анҷом доданд.


Дар ин вохӯрию суҳбатҳо гуфта шуд, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад. Барои расидан ба ин рӯз халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад.

Нимаи дуюми рӯз дар доираи ин сафар ҳайати гурӯҳи «Модарони вахдатсаро» ба Комендатураи ҳарбии наздисарҳадӣ, воқеъ дар ноҳияи Фархор, бо дастархони идона ва таманиётхои нек ба аёдати сарбозону сарҳадбонон омаданд.

Аснои аёдат нахуст гирди дастархон модарон ҳамроҳи сарбозон нишаста, дар суҳбат бо онҳо бо шароити хизмат дар қисми ҳарбӣ шинос гардиданд.

Яке аз собиқадори меҳнат, ки дар ҳайати Корвони мазкур ба ноҳияи Фархор омадааст, зимни суҳбат бо мо зикр намуд, ки «дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат, мардум дар ҳолати роҳгумиву ноумедӣ, парешониву бенавоӣ қарор дошт. Ҳокимият, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда буданд. Дар ҳамин ҳолати фоҷиабор, ки масъалаи пойдории давлати мо ба миён омада буд, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари нави Тоҷикистони ҷангзада ва нисфаш валангору хароб интихоб карданд. Мардум чашми умед ба Эмомалӣ Раҳмон бастанд, ки аз сари минбар ваъда доданд: «Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам… То як ҳамватан дар хориҷа ғариб аст, ором намехобам». Бо роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, хушунату ҷангу ҷидолро батадриҷ аз байн бурд ва миллатро ба саодату созандагӣ расонд. Ватанро ободу машҳури дунё гардонд, шоирону нависандагон, аҳли зиё ва модарони шикастарӯҳу марсиягӯро ваҳдатсаро кард».


Ёдовар мешавем, ки иқдоми Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудаааст.

Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 80 нафар занону духтарони фаъолони кишвар шомил шудаанд, ба 6 гурӯҳ тақсим шуда, аз 8 то 11 июни соли равон дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ, бо сокинони деҳоти вилояти Хатлон оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо аз мавзеъҳои таърихию –фарҳангии вилояти Хатлон дидан менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба манотиқи дигари кишвар сафар кардааст.

Баргузории ингуна чорабиниҳо ба пойдории сулҳу субот дар кишвар мусоидат менамояд.

АКС: Маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор

Июнь 10, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд