Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол бозиҳояшро дар Ҷоми Осиё-2022 анҷом дод
ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бозиҳояшро дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар Узбекистон анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Ҷоми Осиё тими олимпии кишвар бе ҳузури як қатор бозигарони калидӣ, ки дар ихтиёри тими миллӣ ҳастанд, иштирок намуд.
Тими ҷавонони мамлакат (U-23) дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «D» се бозӣ анҷом дода, дар ҳар се дидор аз дастаҳои олимпии Арабистони Саудӣ (0:5), АМА (0:2) ва Ҷопон (0:3) мағлуб шуд.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи «D» дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷопон ба даври чорякфинал баромаданд.
Дар чорякфинали Ҷоми Осиё миёни дастаҳои ҷавонони то 23-сола Узбекистон бо Ироқ, Австралия бо Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ бо Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бо Ветнам вомехӯранд.
Акс: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






