Муҳаммадамин Абдуллоев дар Қирғизистон нишони нуқраи чемпионати Осиёро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Осиё оид ба намуди гӯштини тарзи озод миёни наврасони то 17-сола, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, варзишгари тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни то 80 кг ба гирифтани нишони нуқра сарфароз гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТВ «Варзиш».
Мавриди зикр аст, ки қаблан паҳлавонони дигари кишвар Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобат, дар вазни то 60 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон то 17- сола дар равияи юнонӣ-римӣ Суннат Абдуллоев дар вазни то 65 кг ҷои дуюмро сазовор шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон ва 6 нафар миёни ҷавонон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафарбар гардидаанд.
АКС аз ТВ «Варзиш»








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






