Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ
ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сидқан табрику таҳният гуфта, таманниёти нек ва самимии худро мерасонам.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мунтазам густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи тоза касб кардаанд.
Мо сатҳу мӯҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямонро, ки бар пояи арзишҳои муштараки таърихӣ, тамаддунӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ карда, ҷавобгӯи манофеи аслии мардумони ду кишвар медонем.
Итминон дорам, ки бо азму талошҳои пайгиронаи муштарак мо робитаҳои шарикии кишварҳоямонро дар оянда низ рушду тавсеа бахшида, метавонем дар соҳаҳои мухталиф ба зинаҳои боз ҳам баланд барорем. Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода тадбирҳои амалии лозима андешад.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва комёбӣ, ба мардуми дӯсти Покистон сулҳи пойдор, дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ман бо ирсоли нома самимонатарин табрикоти худро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Покистон ва Тоҷикистон ба Шумо баён менамоям.
Ба равобити бародаронаи ду кишвари мо манфиат ва арзишҳои муштарак, диду назари умумии сулҳу шукуфоии минтақаи мо хос аст. Покистон ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад ва ҷонибдори густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо ба нафъи халқҳоямон мебошад.
Покистон ва Тоҷикистон ҳамеша дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа саҳм гузоштаанд. Ман боварии комил дорам, ки мо метавонем дидгоҳи муштараки худро оид ба густариши робитаҳои минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ тавассути густариши ҳамкориҳои дуҷониба амалӣ созем.
Ман умедворам, ки бо Шумо барои таҳкими шарикии бисёрҷанбаи мо дар солҳои оянда ҳамкорӣ намоям.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, таманниёти беҳтаринамро ба Шумо мерасонам ва ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул кунед».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






