Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, сипас дар вохӯрии ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб идома ёфт.
Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ҳамчунин ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ҷиҳати ташриф овардан ба Ҷумҳурии Узбекистон ва анҷом додани сафари расмӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос карда, итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкориро бо Узбекистон дар тамоми соҳаҳо қадр мекунад ва азм дорад, ки дар оянда низ барои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар тамоми самтҳои он талошҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.
Ҷонибҳо аз мазмуну муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва робитаҳои дипломатӣ, ки имсол ба барқароршавии онҳо 30 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушду густариши минбаъдаи муносибатҳо дар доираи муколамаи сиёсии байнидавлатии сатҳи олӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус зикр карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо заминаи мусбати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар беш аз 600 миллион доллари америкоиро ташкил дода, дар шаш соли охир 40 маротиба боло рафтааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада солҳои наздик ҳаҷми гардиши молро то ба 1 миллиард доллари америкоӣ расонанд.
Зимни мулоқот ба баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва ҳамоиши тиҷоратии ширкатҳои тоҷикистонӣ дар Узбекистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, онҳоро омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратӣ номиданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак рафтуомади озоди молу хизматрасонӣ таъмин гардид ва шаҳрвандон имкони озоди рафтуомад бо якдигарро доранд. Ҳоло то 20 ҳазор нафар сокинони ду кишвар ҳамарӯза бо ҳадафи равобити тиҷорию гардишгарӣ ва дидани хешу табор ва дӯстон аз марзи миёни кишварҳо озодона убур мекунанд. Ин яке аз комёбиҳои асосии ҳамкории ҳукуматҳо дар солҳои охир мебошад.
Дар мулоқот бори дигар аҳамияти таърихии Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон зикр карда шуд.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ ва истифодаи имконияти мавҷуда дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар бахшҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдӯзӣ, металлургӣ, коркарди маъдан, металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, инчунин дигар соҳаҳои барои ҳарду кишвар манфиатовар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар арсаи фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Ба фаъолияти Узбекистон ҳамчун раиси феълии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақавию байналмилалӣ ва мушкилоти Афғонистони барои ҳарду давлат ҳамсояро муҳокима карда, атрофи дигар масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд






