Ғолибони шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми Раиси шаҳри Душанбе муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 28 июн дар шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 25- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар сатҳи бениҳоят баланд доир шуд. Мусобиқа соати 17:00 оғоз шуда, то соати 02:00-и шаб давом кард ва ҳаводорони гӯштин то ба охир паҳлавононро дастгирӣ намуданд, ки ин бори дигар аз шаҳомату арҷгузорӣ ба гӯштини ниёгонамон дарак медиҳад.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон гузориш медиҳад, дар мусобиқаи мазкур 8 даста аз ВМКБ, дастаҳои Хатлон -1 ва Хатлон-2 , вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ШНТМ, минтақаи Рашт ва дастаи Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ миёни ҳам рақобат карданд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар панҷ вазн (65 кг, 75 кг,85 кг, 95 кг ва +95 кг ) миёни мардон ва як вазн (60 кг) миёни бонувон доир шуд.
Паҳлавонони номдор ва умедбахши тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо ҳаводорони зиёди гўштин барои тамошои ин мусобиқаи калони варзишӣ омада буданд.
Миёни бонувон Ҷонона Назарова аз дастаи Хатлон-2 ва Фазилат Гулбоева то ба охир ҳамаи ҳарифонашонро мағлуб карда, дар финал ба масофи ҳам омаданд. Дар ин қуввасанҷӣ Ҷонона тавонист, ки ғолибият ба даст биёрад ва соҳиби нишони тиллою шоҳҷоизаи мусобиқа — мошини сабукрав гардад.
Аҳлия Мўъминова ва Рўҳафзун Бекназарова соҳиби медали биринҷии мусобиқа гардиданд.
Дар вазни то 65 кг миёни мардон ба финали мусобиқаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оид ба гӯштини миллӣ Мулораҷаб Халифаев ва Эмомалии Нуралӣ роҳ ёфтанд. Пас аз се дақиқаи рақобат Мулораҷаб, ки минтақаи Раштро муаррифӣ мекард, ҳарифро ба тахтаи пушт зада, ғолиби ин вазн шуд ва нишони заррини мусобиқа ва шоҳҷоизаро ба даст овард. Абдуллои Ориф ва Баҳром Сӯфиев ба гирифтани медалҳои биринҷӣ даст ёфтанд.
Дар финали вазни то 75 кг ду варзишгари дастаи Душанбе Масъуди Аҳмадзод ва Ҳайдари Саидкабирзода бо ҳам сабқат карданд. Рақобати ин ду гӯштингир аз рақобатҳои тӯлонитарин ва ҷаззоби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ маҳсуб мешуд ва ҳатто чанд маротиб барои муайян кардани ғолиб доварон бо ҳам машварат карданд.
Масъуд дар охир партофте анҷом дод ва аз тарафи довари узбек ғолибият ба ӯ дода шуд. Шоҳҷоиза ва нишони тиллои ин вазн насиби Масъуди Аҳмадзод гардид. Тошев Муҳаммадиқбол ва Муҳаммадраҳим Сарахонов нишонҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Дар вазни то 85 кг Ҳақназар Назаров ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода то ба охир ҳама ҳарифонро мағлуб карда, то ба даври ниҳоӣ омаданд. Дар ин вазн гӯштингирон ба монанди Шодмон Ризоев, Ҳамроз Раҷабов ва Акмал Муродов ҳунарнамоӣ карданд ва маҳз аз дасти ин ду паҳлавони ҳирфаӣ шикаст хӯрданд.
Дар финал ҳам рақобати ин ду гӯштингир то сонияҳои охир ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Дар ин қуввасанҷӣ аввал бартарият ҷониби Ҳақназар буд, лек дар сонияҳои охир Муҳаммадҷон бо як партофти зебо имтиёз гирифт ва рақобатро ба нафъи хеш анҷом дод.
Шоҳҷоиза ва нишони тиллоӣ ин вазн насиби Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода гардид.
Муҷиб Меҳробҷонзода ва Ҳамроз Раҷабов аз дастаи вилояти Суғд нишонҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Дар вазни то 95 килограм ду варзишгари номии кишвар Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар финал бо ҳам қувва санҷиданд. Дар ин рақобати ҷолиб Ҷаҳонгир ғолиб шуду шоҳҷоиза ва нишони заррини мусобиқаи ҷумҳуриявиро соҳиб шуд. Мақсадулло Зоидов ва Ҷамшед Ҳомидов нишонҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Ниҳоят, дар вазни мутлақи ин мусобиқа, ки вазни ба изофаи 95 кг маҳсуб мешуд, паҳлавони номовари кишвар Темур Раҳимов бо Шарифҷон Назриев барои шоҳҷоиза рӯи татамӣ даст ба гиребон шуданд. Дар камтар аз як дақиқа мондани рақобати суратгирифта Шарифҷон Назриев аз китф осеб дид ва натавонист рақобатро идома бидиҳад ва ғолибият насиби Темур Раҳимов гардид.
Соли гузашта Темур Раҳимов аз паҳлавони узбек ба таври ногаҳонӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир шуда буд, мувоҷеҳи шикаст шуда буд.
Имсол Темур нишони заррин ва шоҳҷоизаи мусобиқаро ба даст овард. Дадахон Қурбоналиев ва Бобоҷон Бобоев нишонҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






