РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд иштирок мекунад

Июнь 3, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ  «Ховар»/. 4 июн Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Ҳелга Мария Шмид бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария  Шмид дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6-9 июн  дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби сафар ба Душанбе Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид бо раҳбарияти олии кишвар якчанд мулоқот доир менамояд.

Барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе қариб 2000 нафар намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд номнавис шудаанд.

Конфронси оби Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк бо ҳамраисии   Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ хоҳад буд ва он нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 3, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд