РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд аз гӯшаҳои махсуси намоиш оид ба захираҳои обу иқлим дидан карданд

Июнь 7, 2022 12:55

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар оғози он гӯшаҳои махсуси намоиш оид ба захираҳои обу иқлим ва лоиҳаҳои дар ин самт амалигардида, ҳамчунин маълумоти таблиғотиву иттилоотӣ ташкил карда шудаанд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ —  «Кохи Сомон» .

Яке аз гӯшаҳои муҳими ҳамоиши мазкур ин намоиши омодакардаи Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) таҳти унвони «Конфронси СММ оид ба масъалаи об» мебошад.

Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии  Кумитаи ичроияи  ФБНА Дилором Шералиева зимни суҳбат бо мо гуфт, ки  ҳадаф аз ташкили  гӯшаи мазкур дар Конфронси имрӯза  ин таблиғу ташвиқи  ҳамаҷонибаи Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамӯҳлати татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал, ки соли 2023  дар шаҳри Ню-Йорк доир мегардад, ба ҳисоб меравад.

«Дар гӯшаи мазкур  асосан маводи таблиғотӣ бо се забон, зарфҳои махсус бо логотипи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  ва Конфронси соли 2023-и СММ оид ба масъалаи об ба намоиш гузошта шудаанд», — изҳор дошт   ӯ.

«Дар гӯшаи мазкур ҳамчунин маълумот оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об низ пешниҳод гардидааст, ки ҳадафи он муаррифии аҳамияти ташаббусҳои болозикр ба иштирокчиён аз кишварҳои олам аст. Иштирокчиён ба гӯшаи  мо  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодаанд», — афзуд сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии  Кумитаи иҷроияи  ФБНА.

Паринамо Қурбоналиева корманд-мутахассиси Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, ки аз тарафи Агентии Шветсария  оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мегардад зикр кард, ки «имрӯз мо тамоми фаъолиятҳоеро ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозем, муаррифӣ менамоем. Лоиҳа дар се сатҳ: миллӣ, ҳавза ва асотсиассияи истифодабарандагони об ё бо деҳқонон ва феремерон кор мекунад. Дар сатҳи миллӣ лоиҳа кумаки худро бевосита ба Вазорати энергетика ва захираҳои об мерасонад. Дар таҳияи лоиҳаҳо ва дар  қонуну  зерқонунҳо марбут ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ҳастанд. Дар сатҳи ҳавзавӣ бошад лоиҳа кумаки худро  дар таҳияи нақшаи ҳавзавии Сирдарё мерасонад. Ин нақша алаккай таҳия гардид ва расман ба Вазорати энергетика ва захираҳои об барои тасдиқ пешниҳод шуд. Ҳамчунин мо бо зерҳавза кор мекунем, ки дар худи Сирдарё зиёда аз 23-тои  он мавҷуд аст».

«Инчунин мо дар Тоҷикистон омӯзиш барои  фермерон  ва  истифодаи технологияи масраф намудани об  ба роҳ мондем ва дар ду мариҳила зиёда аз 4000 нафар аз омӯзиш гузаронида шуданд.  Ҳамзамон ин гуна омӯзишҳо барои занон низ мавҷуд аст, ки дар самаранок истифода бурдани об  натиҷаҳои хубро низ ба бор овардааст-афзуд Паринамо  Қурбоналиева.

Дар тарафи  дигари ин намоишгоҳ гӯшаи сайёҳӣ ташкил гардида буд, ки кормандони Кумитаи рушди сайёҳии Чумҳурии Тоҷикистон онро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд. Намояндаи Кумитаи мазкур  Моҳпарӣ Сангилова гуфт, дар гӯшаи омоданамудаи мо буклетҳои сайёҳӣ ҳастанд, ки дар он харита ва ҷойҳои тамошобоби  ҷумҳурӣ  сабт шудаанду онҳоро ба ҳар як иштирокчӣ тақдим менамоем, то ки аз обҳои босафо ва табиати Тоҷикистон бохабар шуда, бештар ба мамлакати мо ба сайёҳат биёянд.

-Инчунин армуғонҳо ва дастовезҳои миллӣ низ ба тамошо гузошта шудааст, -зикр кард Моҳпарӣ Сангилова.

Мавриди зикр аст, ки дар гӯшаҳои махсуси намоиш оид ба захираҳои обу иқлим ва лоиҳаҳои дар ин самт амалигардида, ҳамчунин маълумоти таблиғотиву иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуда,  ба рӯҳияи ҳар як иштирокчии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хушҳолиро зам намуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид