Соҳибкорони тоҷик ва турк тасмим доранд дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд
ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони тоҷик ва турк тасмим доранд дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд. Ин нукта дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати «Чолакоғлу групп»-и Ҷумҳурии Туркия Акиф Чолакоғлу тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят.
Зимни суҳбат ҷонибҳо инчунин доир ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят суҳбат карда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, ки сафари соҳибкорони турк ба вилояти Суғд сафари ҷавобӣ буда, моҳи майи соли ҷорӣ зери роҳбарии Раиси вилоят соҳибкорони тоҷик ба Туркия сафар намуда буданд.
Ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони тоҷик ва турк солҳо инҷониб идома дошта, самараи худро ба бор овардааст ва то имрӯз дар вилоят якчанд корхонаҳои саноатии муштарак фаъолият мекунанд. Аз ҷумла ҶДММ «Фортуна-Ко» бо шарикони турк корхонаҳои саноатии «Силкоат бойя» ва «Арча мебел»-ро таъсис додаанд, ки имрӯзҳо фаъолияти пурсамар доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи ҳамкории судманд соҳибкорони тоҷик якҷо бо соҳибкорони турк лоиҳаи навро амалӣ намуда, тасмим доранд, ки дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд. Айни замон корҳо оғоз ёфта, дар назар аст, ки маҷмааи биноҳои баландошёнаи замонавӣ бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ ва бо тамоми шароити зарурӣ сохта шавад. Маҷмаа дорои ҳавзҳои шиноварӣ, толори фитнес, ҳаммомҳои туркӣ, маркази савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, ҷойҳои махсуси истироҳатӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт хоҳад шуд.
Ҷонибҳо аз густариши робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ тарҳҳои муфиду муштаракро амалӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






