Таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли СММ қисмати дуюми Конфронси Душанбе оид ба об идома ёфт

Июнь 7, 2022 19:37

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» зери чунин унвон қисмати дуюми Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли СММ Лю Женмин доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Конфронси дуюми Душанбе платформаи  муттаҳидсозӣ ва дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба об гардида, механизмеро таҳия хоҳад кард, ки ҳукуматҳо, СММ ва дигар шарикон нақшаву ҳадафҳои неки худро тавассути  он амалӣ хоҳанд намуд.

Конфронс аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон ташкил гардида, он ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк гузаронида мешавад, занҷираи марказӣ хоҳад буд.

Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин доир ба нақши муассири ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи захираҳои обӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкорӣ аз сатҳи маҳаллию миллӣ то сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ аз масъалаҳои асосии баррасишавандаи конфронс дониста шудааст.


Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн оид ба Муколамаи оби Бонн, намояндаи Синегал Абдулло Сене оид ба натиҷаҳои Форуми 9-уми умумиҷаҳонии об дар Дакар, муовини Вазири корҳои хориҷӣ оид ба умури парлумонии Ҷопон Хонда Таро оид ба натиҷаҳои 4-умин Саммити оби Осиё ва Уқёнуси  Ором дар Кумамото суханронӣ намуданд.

Пас аз он роҳбарони ҳайатҳои созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин кишварҳои иштироккунанда, аз ҷумла Ҳиндустон, Русия, Эрон, Баҳрайн, Ҳабашистон, Индонезия ва дигар давлатҳо оид ба нақши об дар ҳаёти инсон ва устувор намудани ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсола суханронӣ карданд

Таъкид карда шуд, ки ҳамкории густурда аз сатҳи маҳаллию миллӣ то сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ метавонад дар татбиқи пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нақши арзишманд гузорад. Суръат бахшидан ба ҳамкорӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оби Рӯзномаи рушди 2030 масъалаи меҳварии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 19:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон