Узбекистон тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷиро осон менамояд

Июнь 6, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки ба Узбекистон ворид мешаванд, дар сурати доштани шаҳодатномаи эмгузаронӣ ё шиноснома /бо QR-коди электронӣ/ аз онҳо ПТР ё экспресс-антиген барои сирояти коронавирус талаб карда намешавад. АМИТ «Ховар» бо такя ба хабаргузории иттилоотии «Дунё» хабар медиҳад, ки дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ додааст.

Меҳмононе, ки шаҳодатномаи эмгузаронӣ ё шиноснома надоранд, бояд на камтар аз 72 соат пеш аз сафар ба Узбекистон натиҷаи санҷиши PCR /бо рамзи QR электронӣ/ ё санҷиши манфии антигенро дар гузаргоҳи сарҳадӣ пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки кӯдакони то 12-сола ба шаҳодатномаи эмкунӣ ё шиноснома, натиҷаи ташхиси ПТР ва санҷиши фаврии антиген ниёз надоранд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Узбекистон аз 16 марти соли равон вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламраваш содда намуда буд.

АКС аз бойгонӣ.

Июнь 6, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид