Ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси 12-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо иштирок кард
ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 июни соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар маросими ифтитоҳи Конфронси 12-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.
Кори Конфронси 12-уми вазирони СҶС то 15 июн идома меёбад ва дар ҷамъбасти он вобаста ба масъалаҳои савдои глобалӣ, вокуниши СҶС ба пандемия ва нақшаҳои зиддибуҳронии кишварҳо, ислоҳоти СҶС, кишоварзӣ, хизматрасониҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра эъломияи вазирон қабул мешавад.
Дар чорабинӣ Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намуданд.
Роҳбари ҳайат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мизбонони Конфронс — ҳукуматҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Қазоқистон минатдорӣ баён карда, вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи 9 соли узвият дар ин созмон, мавқеи кишвар вобаста ба масъалаҳои глобалии марбут ба савдо, бахусус паёмадҳои манфии буҳронҳои ҷаҳонии озуқаворӣ, энергетикӣ, тағйирёбии иқлим, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ ва пешниҳоди кӯмаку дастгириҳо барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳои камдаромад суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои 2013-2021 Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, рушди миёнаи иқтисодиро 7 фоиз таъмин намуд ва шумораи шарикони тиҷоратиро то ба 110 кишвар афзоиш дод.
Дар назар аст, ки Конфронси 13-уми вазирони СҶС дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардад.
Ёдовар бояд шуд, ки Конфронси вазирони иқтисод ва савдо мақоми олии роҳбарикунандаи СҶС ба ҳисоб рафта, дар он қарорҳои муҳими марбут ба савдои ҷаҳонӣ қабул карда мешаванд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






