Завқӣ Завқизода ва Иброҳим Шукрӣ масоили густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавии БИР дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкории самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, бахши хусусӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи БИР дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо дархост намуд, ки маблағгузории Гурӯҳи БИР ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ зиёд шавад ва он хуш пазируфта шуд.
Илова бар ин аз намояндаи минтақавии БИР дархост гардид, ки ҷиҳати роҳ надодан ба кашолёбии татбиқи лоиҳаҳои БИР дар Тоҷикистон ва тақвият додани раванди иҷрои лоиҳаҳои амалкунанда тадбирҳои зарурӣ рӯи кор оварда шаванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба баён намуданд.
Акс: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш дар 8061 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад






