13 деҳаи ноҳияи Файзобод бо фарогирии 19717 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» бояд 13 деҳа дар 4 ҷамоат бо фарогирии 2520 хоҷагӣ (19 717 нафар аҳолӣ ) бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шаванд. Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати конфедератсияи Швейтсария мебошад. Инчунин барои омода ва тарҳрезӣ намудани нақшаи самаранокии лоиҳа ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,8 миллион евро низ пешбинӣ гардида, татбиқи он аз соли 2022 шуруъ ва муҳлати ниҳоии амали он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа соли равон оғоз гардида, муҳлати анҷоми он 31 декабри соли 2026 пешбинӣ гардидааст.
Дар ин хусус зимни барассии масъала «Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 29 июни соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар иҷлосия зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, аз барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» 11 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад






