ҲАВОИ МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН САЛҚИНТАР МЕШАВАД? Ба ин савол ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносӣ посух доданд

Июль 31, 2022 13:17

ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигӣ аз 17 то 31 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 23+25 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи августи имсола ба соли 2016 монанд мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини Сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархон Шарофиддинов.

Дар даҳаи дуюми моҳ ҳаво воқеан ҳам салқинтар шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст, раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ 1+2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 31 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 25 дараҷа гарм мешавад.

Дар нимаи аввали моҳ дар ноҳияҳои водигӣ шабона 25, рӯзона 42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 20 дараҷа ва рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳ дар водиҳо шабона 19 ва рӯзона то 38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона то 15 ва рӯзона то 29 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.

Дар ин моҳ миқдори бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад. Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва баамалоии раъду барқ дар нимаи дуюми моҳ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар рӯзҳои алоҳида шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Моҳи август дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 27 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар нимаи аввали моҳ дар ноҳияҳои водигӣ шабона 22 ва рӯзона 42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 21 ва рӯзона 35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 9 то 14 дараҷа ва рӯзона 30 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳ дар водиҳо шабона 18 дараҷа ва рӯзона 36 дараҷагарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 16 ва рӯзона 30 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва баамалоии раъду барқ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ дар назар аст. Ҳангоми ба ed-inform.net раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Ба гуфти Сафархон Шарофиддинов, дар ин моҳ дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияи Дарвоз гармии ҳаво 26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввали моҳ ҳаво шабона 18 ва рӯзона 35 дараҷа гарм, дар ноҳияи Дарвоз шабона 22 ва рӯзона 39 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳ пастравии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона 13 ва рӯзона 28 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Миқдори моҳонаи бориш дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ паст буда, дар ғарби ВМКБ аз меъёри муқарраршуда баландтар пешгӯӣ мешавад. Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва баамалоии раъду барқ асосан давоми нимаи дуюми моҳ пешгӯӣ мешавад.

Давоми нимаи аввали моҳ дар шарқи ВМКБ ҳаво шабона 9 ва рӯзона 22 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 17 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳида шамол то 18-23 метр дар як сония мевазад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: © Sputnik / Павел Бедняков

Июль 31, 2022 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи пленарӣ доир шуд