Аз номи Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор пиронсолону маъюбон дар шаҳри Душанбе туҳфаҳои идона тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз ба муносибати Рӯзи маъюбон ва пиронсолон, ки ҳамасола 8 июл дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ХҲДТ) Абдуҷаббор Азизӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташриф оварда, бошандагони ин даргоҳро аёдат намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни аёдат Абдуҷаббор Азизӣ маъюбону пиронсолонро аз номи Роҳбарияти ҳизб ба ифтихори ин рӯз табрику шодбош гуфта, иброз дошт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад ва пайваста дар ин самт аз ҷониби Роҳбари давлат новобаста аз иду ҷашнҳо корҳои муҳимму назаррас анҷом дода мешавад.
Гуфта шуд, ки маросими аёдат ва туҳфасупории Пешвои муаззами миллат ба маъюбону барҷомондагон, ки зимни ҳар як сафари кориашон ба тамоми шаҳру навоҳии кишвар сурат мегирад, дер боз ба ҳукми анъана даромадааст, ки сазовори таҳсину офарин ва намунаи олии пайравӣ аст.
«Ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қарор дошта, ҳизби мо пайваста дар ин самт иқдомоти мухталиф, аз ҷумла роҳандозии чорабиниҳои идона, аёдати ва дастгирии онҳо дар арафаи иду ҷашнҳоро рӯйи даст мегирад ва ба ин васила саҳми худро дар ҳавасмандгардонӣ, тавонбахшӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мегузорад», — гуфт А. Азизӣ.
Дар ин миён чанде аз бошандагони марказ суханронӣ карда, изҳори сипоси худро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён доштанд.
Дар идома аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор пиронсолону маъюбони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе туҳфаҳои идона тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.


Дар охир баҳри болидарӯҳии бошандагони марказ барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур гардид, ки хотири ҳозиринро шод намуд.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори Рӯзи маъюбон ва пиронсолон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб низ чорабинии хайриявии “Даст ба дасти ҳам” рӯйи даст гирифта шуд, ки дар доираи он маъюбону барҷомондагон аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Парчами миллӣ дидан карда, таассуроти нек бардоштанд.
Ҳамзамон ба ин муносибат масъулини ҳизбӣ ба манзилҳои истиқоматии ниёзмандону барҷомондагон ва шахсони бепарастору яккаву танҳо рафта, хонаҳои онҳоро рӯбучин ва тозаву озода намуданд.
Акс: ҲХДТ









Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






