Аз шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ба Қазоқистон се ҳазор тонна ангури хушсифат содирот мешавад

Июль 19, 2022 11:06

ТУРСУНЗОДА, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон 16 июл дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз токзорҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Боғи Сомон», «Ватан» ва «Акрамхон» дидан намуданд. Дар ин замина миёни роҳбарияти шаҳр ва хоҷагидорон доир ба имконияти истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Ҷумҳурии Қазоқистон музокирот баргузор шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Сардори хоҷагии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов доир ба парвариши беш аз 10 намуд ангури хушсифат ва имконоти содиротии маҳсулот маълумот дод.

Ҳамчунин меҳмонон бо парвариши навъҳои нави ангур ва тарзи нигоҳдории ҳосили он дар сардхонаҳо шинос шуданд. Тоҷирони қазоқистонӣ баъд аз мубодилаи афкор омодагии худро ҷиҳати қабули се ҳазор тонна ангури хушсифат изҳор доштанд.

Баъд аз шиносоӣ бо токзор тоҷирони Ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолияти ангурпарварон ва сифати ангури шаҳри Турсунзода баҳои баланд дода, омодагӣ ба ҳамкориро дар самти қабули ангур изҳор доштанд.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, хоҷагии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и Турсунзода дар рӯзҳои ҷамъоварии ҳосил содироти ангурро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия оғоз намуд.

Ба иттилои раиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» Маҳмадамин Камолов, ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур, аз ҷумла «ҳусайнии сиёҳ ва сафед», «ғалаба», «шоҳона», «пешпазак», «кишмиши сиёҳу сафед» ва «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. Айни замон ангури навъи «шоҳона» пухта расидааст, ки аъзои хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили он машғуланд.

«Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 19, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд