БА ШАРАФИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯшон 134 иншооти ҷашнӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 134 иншоот мавриди истифода қарор мегиранд. Бештари ин сохтмонҳо ба соҳаи иҷтимоӣ, саноатӣ-истеҳсолӣ ва таъмиру тармими иншооти коммуналию иртиботӣ дахл доранд. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА Раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух ДОДХУДО иттилоъ дод.
Фаррух Додхудо зикр намуд, ки барои амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои солҳои 2022-2026 134 лоиҳа ба маблағи 392 млн 162,8 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ хароҷоти 11 лоиҳа 39 млн 113,0 ҳазор сомонӣ ё 9,9 фоиз, аз буҷети вилоятӣ ва маҳаллӣ 2 лоиҳа 2 млн 560,0 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 49 лоиҳа 340 млн 142,9 ҳазор сомонӣ ё 86,7 фоиз, бо саҳми ҷомеа ва шарикони рушд 15 лоиҳа 2 млн 135,0 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз ва бо саҳми соҳибкорон 57 лоиҳа 8 млн 212,0 ҳазор сомонӣ ё 2,2 фоизро ташкил медиҳад.
Имсол дар ноҳия бунёди 31 иншооти хурду бузург пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати ҳозира коргоҳи дӯзандагӣ барои 15 ҷои кор дар маркази ноҳия мавриди истифода қарор дода шуда, дар 20 иншоот корҳо идома доранд.
Аз ҷумла, корҳои сохтмони бинои маркази фарҳангӣ ва маърифатӣ дар деҳаи Сипонҷ, бинои маъмурии ҷамоати Рӯшон, боғчаи бачагона дар деҳаи Барӯшон барои 125 ҷой, бинои боғчаи кӯдаконаи хусусӣ дар маркази ноҳия барои 100 ҷой, нуқтаи таъмири нақлиёт дар деҳаи Пастхуф, бунёди боғ дар деҳаи Шуҷанд, ташкили гармхонаҳо дар маркази ноҳия ва деҳаи Дерзуд, ташкили фермаи говҳои хушзоти ширдеҳ дар деҳаи Шуҷанд, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Нурвум, бинои толори варзишӣ дар водии Хуф, бинои толори варзишӣ дар деҳаи Барӯшон, роҳи дохилии деҳаи Шидз ва мавзеи Девлох, ҳаммом дар деҳаи Барзуд ва барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг ҷараён дошта, дар 10 иншоот корҳои сохтмонӣ ҳанӯз оғоз нагардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои деҳот ва соҳибкорон баҳри сазовор таҷлил намудани санаи фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи созандаю бунёдкоронаро баҳри дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супоридани иншооти нақшавӣ равона намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАРДОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ. Дар доираи он ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои мошингард таъмиру барқарор карда шуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






