Барои ворид гардидани бемории коронавирус ба Тоҷикистон омилҳо мавҷуданд? Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои ворид гардидани бемории коронавирус ба Тоҷикистон омилҳо мавҷуданд, зеро дар ҷаҳон ҳар рӯз 828 ҳазор нафар бемори гирифтори коронавирус ба қайд гирифта мешавад. Инчунин дар ҷаҳон ҳоло 23 млн нафар ба ин беморӣ гирифторанд. Агар гардиши вирус дар ҷаҳон ва ҳолатҳои беморшавӣ мавҷуд бошанд, имконияти пайдо шудани ҳодисаҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон низ дур нест.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигорони ВАО иттилоъ дод.
«Оид ба пешгирии бемории коронавирус аз ҷониби вазорат дар тамоми гузаргоҳҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо нуқтаҳои муоинаи ин беморӣ фаъолият доранд, ки дар ҳолати мушоҳидани шудани ҳарорати баланд, набудани таҳлилҳои ПСР ё надоштани шаҳодатномаи гузаронидани ваксина шаҳрвандони воридшаванда ташхис карда мешаванд»,- гуфт ӯ.
Вазир илова кард, ки «дар мамлакат аз аввали сол дастгоҳи махсус барои муайян кардани шаклҳои коронавирус фаъол аст. Соли 2021 шакли нави коронавирус- «омикрон» вориди ҷумҳурӣ гардид, ки танҳо 299 ҳодиса (34 ҳолати фавт) ба қайд гирифта шуд. Хушбахтона, аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон дигар ягон ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст».
«Дар айни замон бо сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар мамлакат шаҳрвандон аз оби нӯшокии сард ва ҳавополо зиёд истифода мебаранд, ки дар натиҷа ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, тасаввур мекунанд, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд»,-зикр намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода илова кард, ки «дар ҷаҳон зиёда аз 16 ҳазор ҳодисаи бемории «сурхакони маймун» дар зиёда аз 75 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Барои пешгирӣ ва ворид нагардидани ин беморӣ ба Тоҷикистон дар тамоми гузаргоҳҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо назорат пурзӯр гардонида шудааст. Дар ҳолати ошкор гардидан дар ҳамон минтақае, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ҳатман назорату санҷиши ҳарорати бадани сокинон гузаронида мешавад.
«Бемории «сурхакони маймун» аз ду давра иборат аст. Марҳилаи аввали онро инвазия мегӯем. Дар ин давра дар бемор ҳарорати баланд, беҳолию бемадорӣ мушоҳида мешавад ва он панҷ рӯз давом мекунад. Марҳилаи дуюми онро рӯ задан (высыпание) мегӯянд, ки дар ин намуд пайдоиши ярачаҳо дар бадани инсон дида мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани ин намудҳо бемор дар беморхона бистарӣ карда мешавад. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ин намуди беморӣ тестҳо захира карда шудаанд»,-иброз намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст






