Тоҷикистон ва Швейтсария муносибатҳои муросилотиро дар низоми бонкӣ ба роҳ хоҳанд монд

Июль 5, 2022 09:23

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ дар  низоми бонкӣ бо Швейтсария ва дигар давлатҳои Аврупо дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳамтояш аз Швейтсария Томас Йордан дар шаҳри Бад-Рагаз баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Мулоқот дар доираи баргузории ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки аз 3 то 6 июл дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария мегузарад, доир шуд.

Мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани тахассусияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути табодули таҷриба ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария, махсус дар мавзуъҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, комплаенс таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро баён намуд. Мавсуф мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар семинари омӯзишии муштараки Бонкҳои миллии Швейтсария ва Полша, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст, даъват намуд.

Ҳоким Холиқзода даъвати Томас Йорданро бо хушнудӣ пазируфта, барои тақвияти ҳамкории минбаъда омодагияшро баён дошт.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 5, 2022 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст