БОРШИ УКРАИНӢ БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ЮНЕСКО ВОРИД ШУД. Шаш сол пеш палави тоҷикӣ низ ба ин феҳрист шомил гардида буд
ДУШАНБЕ, 02.07.2022 /АМИТ «Ховар» /. Фарҳанги пухтани борш (карамшӯрбо)-и украинӣ дирӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – муассисаи СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг шомил гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар сомонаи ташкилот иттилоъ дода мешавад.
Борш дар ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки 1 июл баргузор гардид, таоми украинӣ эътироф шуд.
Тибқи тавсифи сомонаи ЮНЕСКО, борши украинӣ ифодаи меҳмоннавозӣ буда, одамони ҳама синну сол, ҷинс ва нажодро гирди дастархон ба ҳам меорад. Гуфта мешавад, ки дар минтақаи Подолйеи ҷанубу ғарби Украина низ он аҳамияти маросимӣ дошта, номи рӯзи сеюми тӯйи арӯсӣ то ҳол бо анъанаи хӯрдани борш дар хонаи келин алоқаманд аст.

Борш шӯрбоест, ки аз лаблабу пухта мешавад. Лаблабу ба ин таом ранги сурхи хоси худро медиҳад. Дар луғати тафсирии Владимир Дал борш ҳамчун «лаблабуи туркардашуда, навъи карамшӯрбо, ордоба аз лаблабуи туршкардашуда бо гӯшти гов ва хук ё бо равғани хук» таъриф шудааст. Борш миёни таомҳои украинӣ хӯроки асосии аввал мебошад.
Вазорати корҳои хориҷии Украина моҳи марти соли 2021дархост кард, ки борш ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шавад. Дар аввал интизор мерафт, ки барои баррасии ариза ду сол лозим шавад.
Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият унсурҳоеро дар бар мегирад, ки гуногунии мероси ғайримоддиро нишон медиҳанд ва барои дарки пурраи аҳамияти он мусоидат менамоянд.
Илова ба борш, дигар дастовардҳои пухтупази халқҳои гуногун,аз ҷумла палави тоҷикӣ (“оши палав”) низ дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҷой гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки палави тоҷикӣ шаш сол қабл дар асоси қарори Кумитаи ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, ки ҷаласаи он 2 декабри соли 2016 дар Ҳабашистон баргузор шуда буд, ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардида буд.
Дар карори Кумита гуфта шудааст:
«Оши палав таоми суннатии мардуми Тоҷикистон буда, бахше аз мероси фарҳангии он эътироф шудааст.
Оши палав ҳамчунин бо номи «Шоҳи таомҳо» маъруф аст ва он аз сабзавот, биринҷ, гӯшт ва хуштаъмкунандаҳо омода карда мешавад. То 200 намуди ин таом мавҷуд аст.
Оши палавро ҳамчун таҷрибаи фарогир дар ба ҳам овардани одамони миллатҳои гуногун ҳангоми хӯрокхӯрии муқаррарӣ ва инчунин дар ҷамъомадҳои иҷтимоӣ, ҷашнҳо ва расму оинҳо омода мекунанд.
Аҳамияти ин таом барои ҷомеаҳои Тоҷикистон дар мақолҳое аз қабили «Ош агар нест, ошноӣ нест» ё «Агар оши касеро хӯрдаӣ, 40 сол ӯро эҳтиром бояд кунӣ» зоҳир мегардад.
Гурӯҳҳои мардон ё занон ин таомро ё дар хонаҳояшон ва ё дар чойхонаҳо бо оростани суҳбат ё навохтани мусиқиву сурудхонӣ тайёр мекунанд.
Дониш ва малакаҳои марбут ба таҷриба аз насл ба насл дар оила ба ғайр аз мактабҳои ошпазӣ аз устод ба шогирд интиқол дода мешаванд. Вақте шогирд пухтани оши палавро аз худ мекунанд, барои устодаш ва меҳмонон зиёфат меорояд. Зимни он устод соҳиби тоқӣ ва либоси анъанавӣ ва шогирд соҳиби кафгир (асбоб барои пухтани ошӣ палав), ки рамзи мустақилияти шогирд аст, мешаванд».
АКС: pravda.com.ua/АМИТ «Ховар»








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






