ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Имрӯз мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 июл, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни мунтахабҳои занона баргузор мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Соати 19:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби Туркманистону Қирғизистон оғоз шуда, соати 22:00 дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистону Узбекистон вориди майдони рақобат мешаванд.
Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст!
Федератсияи футболи Тоҷикстон ҳамаи мухлисонро ба тамошои футболи хубон даъват менамояд.
Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои занона
Даври 2
11 июл (душанбе)
19:00 – Туркманистон – Қирғизистон
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Акс: ФФТ








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






